Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

ШУРОИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАБАРИИ ЭНЕРГИЯИ АТОМ БО МАҚСАДҲОИ ОСОИШТА ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИНТЕГРАТСИОНИИ ЕВРАЗЭС

17 ноябри соли 2011 дар ш. Чкалови Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта дар назди Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС шуда гузашт, ки дар он Спасский Н.Н.- аъзои Шӯро, ҷонишини директории генералии корпоратсияи Давлатӣ оид ба энергияи атоми «Росатом»- раиси намуд, ин чунин Карпиский В.В.- аъзои Шӯро, ҷонишини аввали Вазир, Саринспектори давлатии назорати оташнишонии Ҷумҳурии Белорус, Кушбаков Д.Ш.- аъзои Шӯъро,директории Агентии амнияти атом ива радиатсионии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, Мирсаидов Ҳ.М.- аъзои Шӯро, директории Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ким А.А.- ҷонишини Раиси Кумитаи энергияи атомӣ ва Вазорати индустриалӣ ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Қазокистон, аз Секретариати Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС: Алимқулов А.Б.- секретари масъули Шӯро, роҳбари Депортаменти сиёсати энергетикӣ ва масъалаҳои энергетикаи Секретариати Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС, Куйшабоев Э.Д.- и.в. ҷониши роҳбари Депортаменти сиёсати энергетикӣ ва масъалаҳои энергетикаи Секретариати Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС ва экпертҳои даъватшудаи вазорату идораҳои тарафайн, мутахассисони ташкилотҳои миллӣ иштирок намуданд.

Дар Шӯро масъалаҳои зерин муҳокима шуданд:
Оиди рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта дар назди Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС (Маълумоти секретари масъули Шӯро- Алимқулов А.Б.);
Оиди ҳолати партовгоҳҳои радиоактивӣ дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маълумоти аъзои Шӯро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирсаидов Ҳ.М.);
Оиди лоиҳаи Барномаи мақсаднокӣ Байнидавлатии ЕврАзЭС «Солимгардони минтақаҳои давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, ки ба таъсири саноати коркарди уранӣ гирифтор шудаанд» (Маълумоти КД «Росатом»);
Оиди лоиҳаи Низомномаи дирексияи идоракунии иҷрои Барномаи мақсаднокӣ Байнидавлатии ЕврАзЭС «Солимгардони минтақаҳои давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, ки ба таъсири саноати коркарди уранӣ гирифтор шудаанд» (Маълумоти КД «Росатом»);
Оиди рафти корҳои ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳои аъзои ЕврАзЭС оиди баҳисобгирӣ, назорат ва нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ (Маълумоти роҳбари гурӯҳи кории экспертҳои ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳои аъзои ЕврАзЭС оиди баҳисобгирӣ, назорат ва нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ- Ершов В.Н.);
Оиди лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкории иттилоотии давлатҳои аъзои ЕврАзЭС дар масъалаҳои кӯчонидани манбаъҳои радиоактивӣ (Маълумоти роҳбари гурӯҳи кории экспертҳои ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳои аъзои ЕврАзЭС оиди баҳисобгирӣ, назорат ва нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ- Ершов В.Н.);
Оиди тайеркинии мутахасисон дар соҳаи осоишта истифодабарии энергияи атом барои давлатҳои аъзои ЕврАзЭС (Маълумоти роҳбари Гурӯҳи кори экспертҳо оиди тайеркунии мутахасисон дар соҳаи истифодабарии энергияи атом барои давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, муовини ректори Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроӣ «МИФИ»- Крючков Э.Ф. );
Оиди рушди тиббӣ ядроӣ дар давлатҳои аъзои ЕврАзЭС (Маълумоти роҳбари Гурӯҳи кори экпертҳо оиди рушди тиббӣ ядроӣ дар давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, ҷониши мудири шӯъбаи АФТБ Руссия - Канева Е.П.);
Оиди рушди базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ ҳангоми истифодабарии энергияи атом дар давлатҳои аъзои ЕврАзЭС;
Оиди ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта дар назди Кумитаи Интегратсионии ЕврАзЭС.